Пайвандҳои дастрасӣ

Дар байни муҳоҷирони кушташуда тоҷикон ҳам будаанд


Дар минтақаи Потҳари Покистон 11 нафар, ки муҳоҷири ғайриқонунӣ номида шудаанд, ба қатл расиданд. Як мансабдори ин минтақаи воқеъ дар марзи Покистону Эрон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст. Ӯ афзуд, силоҳбадастони номаълум ба тарафи се мошин, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Эрон интиқол медоданд, оташ кушоданд. Ин мансабдор гуфтааст, ки муҳоҷирони кушташуда, покистонӣ, тоҷик ва узбак будаанд. Соли равон ин ҳодисаи дуюми ҳамлаи силоҳбадастони номаълум болои муҳоҷирони ғайриқонунии озими Эрон дар минтақаи Потҳар мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG