Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди 131 сомона ба рӯйхати сиёҳи хадамоти алоқа


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имкони вуруд ба 131 вебсайт ва аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоиро аз байн мебарад. Рӯзи ҷумъа раҳбарони ин хадамот ба таъминкунандагони интернет дастур додаанд, ки сомонаҳоеро, ки асосан наворҳои мусиқӣ ва видео фароҳам меоранд, масдуд намоянд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки шабакаҳои иҷтимоии русӣ ба монанди “Вконтакте” ва “Одноклассники” ҳам баста хоҳанд шуд. Бар илова вебсайти Твиттер ва topvideo.tj, яъне нусхаи тоҷикии шабакаи YouTube баста хоҳанд шуд. Дар сӯҳбат бо хабаргузориии русии Интерфакс як намояндаи ширкатҳои таъминкунандаи интернет гуфтааст, ки эҳтимол то 24-уми декабр ин сайтҳо масдуд нашаванд.
XS
SM
MD
LG