Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври 2-уми назархоҳии сарқонуни нав дар Миср


Бархӯрди тарафдорону мухолифини сарқонуни нави Миср дар Искандария (21.12.2012)

Бархӯрди тарафдорону мухолифини сарқонуни нави Миср дар Искандария (21.12.2012)

Рӯзи шанбе дар Миср даври дуюми назархоҳии умумимардумӣ ба хотири қабули сарқонуни нави ин кишвар оғоз ёфт. Мухолифини ин санад мегӯянд, сарқонуни нав аз ҳизбҳои исломӣ пуштибонӣ намуда, ҳуқуқи насрониҳо, ақаллиятҳо ва занонро нодида мегирад. Аммо президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ мегӯяд, қабули сарқонуни нав барои рушди низоми демократӣ дар ин кишвар кумак хоҳад кард. Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Искандария гирдиҳамоиҳои тарафдорон ва мухолифини сарқонун аз назорат берун шуданду ду гурӯҳ ба сӯи ҳамдигар санг партофтанд. Полис бо истифода аз агзи ашковар гурӯҳҳоро аз ҳам дур кард. Тибқи иттилои ғайрирасмии расонаҳои Миср дар давраи аввали назархоҳии умумимардумӣ, ки 15-уми декабр доир шуд, 57 дар сади раъйдиҳандагон аз қонуни асосии нав пуштибонӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG