Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе


Имрӯз, 22-юми декабр, дар шаҳри Душанбе, давраи бозомӯзии хабарнигорони соҳаи варзиши кишвар баргузор шуд.

Дар ин давра, ки дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) ҷараён гирифт, намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), давраи бозомӯзӣ, бешак, барои баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳону хабарнигорони соҳа мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи барномаи ин давраи бозомӯзӣ, хабарнигорон, ҳамчунин имрӯз бо дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон, мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Баҳрулло Раҷабалиев, инчунин, ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои чаҳор соли ояндаи олимпӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016-ум дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод.

Ҷаноби Раҷабалиев, ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо ин кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфт ва ба беҳтаринҳо диплому мукофоти пулии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд. Инчунин беҳтарин хабарнигорони варзишии кишвар бо ифтихорномаҳои АЖРВТ сарфароз шуданд.

XS
SM
MD
LG