Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти қатли табибон барои эмгузаронӣ дар Покистон


Маъракаи эмгузаронӣ дар Покистон зери назорати муҳофизон мегузарад
Маъракаи эмгузаронӣ дар Покистон зери назорати муҳофизон мегузарад

Диндорони маъруфи Покистон аз мардум даъват намуданд, ки алайҳи куштори табибон барои эмгузаронӣ аз полиомиелит садо баланд кунанд.

Раиси Шӯрои уламои Покистон, Тоҳир Ашрафӣ гуфт, ки имом-хатибҳои тақрибан 24 ҳазор масҷиди кишвар рӯзи ҷумъа дар маъвизаҳои худ куштори эмгузаронҳо аз сӯи ифротгароҳоро маҳкум карданд.
Ашрафӣ афзуд, ки “ҳама созмонҳои бузурги исломи бо пуштибонӣ аз маъракаи эмгузаронии полимиелит фатво доданд. Ҳар касе, ки ин маъракаро ғайриисломӣ мехонад, худи ӯ мусалмони комил нест."

Тайи рӯзҳои ахир нӯҳ нафар, ки бештари онҳо занони ҷавон буданд, барои ширкаташон дар маъракаи эмгузаронӣ дар манотиқи гуногуни Покистон ба қатл расиданд. Мақомоти Покистон маҷбур шуданд, ки ин маъракаро мутаваққиф кунанд.

Афроди ифротгаро мегӯянд, ин маърака аз сӯи ҷосусҳои амрикоӣ роҳандозӣ шудааст ва ба навъе пуштибонӣ аз табиб Шакил Афридӣ аст, ки бо баҳонаи эмгузаронӣ дар шаҳри Абботобод ба хадамоти кашфи ИМА барои пайдо кардани макони зисти Усома бин Лоден, раҳбари шабакаи “Ал-Қоида”, кӯмак намуд. Баъд аз ошкор шудани манзили бин Лоден хадамоти вижаи Амрико дар як амалиёт моҳи майи соли 2011 ӯро аз байн бурданд.

Аммо Ашрафӣ мегӯяд, миёни Афридӣ ва табибоне, ки ба хотири ҳифзи сиҳати кӯдакони покистонӣ дар маъракаи эмгузаронӣ ширкат доранд, фарқ хело бузург аст ва “куштори табибони бегуноҳ ба хотири интиқом боиси якумрӣ маъюб мондани ҳазорон кӯдакон мегардад.”

Мавлоно Асадуллоҳ Фаруқ, аз Ҷомеъаи Манзури исломии Лоҳур, мегӯяд, ки аз 300 мадрасаи Покистон низ хостори маҳкум кардани куштори кормандони тиб аз сӯи афроди ифротӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, афроде, ки “ин духтаракони табибро куштаанд, ҳақ надоранд, ки худро мусалмон ё инсон биноманд”.

Покистон дар баробари Афғонистон ва Нигерия аз кишварҳоест, ки маризон аз полиемилет хело зиёданд.

Ба гуфтаи Тоҳир Ашрафӣ, бонувони табибе, ки дар маъракаи эмгузаронӣ ширкат мекарданд, рӯзе ҳамагӣ тақрибан ду доллар ҳақ мегирифтанд ва ба ин васила хонаводаҳои худро бо ғизо таъмин мекарданд.
XS
SM
MD
LG