Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди ҷонибдорону мухолифини "Ихвон-ул-муслимин" дар Миср


Дар шаҳри Искандарияи Миср рӯзи ҷумъа миёни ҷонибдорону мухолифини ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” бархӯрд ба вуқӯъ пайваст ва полис ба хотири хатми он аз гази ашковар истифода бурд. Намошгарон сӯи ҳамдигар санг андохтанд, дар натиҷа чанд нафар маҷрӯҳ шуданд.

Бархӯрд баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки ҳазорон ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” дар арафаи даври дуюми ҳамапурсии миллӣ оид ба тарҳи нави Қонуни асосӣ дар намоиши пуштибонӣ аз ин санад ҷамъ омаданд. Мунаққидони тарҳ мегӯянд, ки он таъсиси давлати исломӣ дар Мисрро наздиктар мекунад.

Бар пояи иттилои ғайрасмӣ, дар даври аввали ҳамапурсӣ беш аз нисфи афроди соҳиби ҳаққи раъй аз тарҳи нави Қонуни асосӣ ҷонибдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG