Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Думаи давлатӣ "Қонуни Дима Яковлев"-ро пазируфт


Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъа баъд аз баррасии навбатӣ тарҳи “Қонуни Дима Яковлев” тасвиб ва ҳамин тариқ фарзандхонии кӯдакони русиягӣ аз сӯи шаҳрвандони кишварҳоеро, манъ кард, ки “Феҳристи Магнитский”-ро пазируфтаанд.

Айни ҳол “Феҳристи Магнитский” , ки муҷозоти афроди дар марги ҳуқуқшиноси маъруф Сергей Магнитский дар боздоштгоҳ дастдоштаро дар назар дорад, фақат дар ИМА қабул шудааст. Аммо, тавре вакили Парлумони Аврупо Кристина Оюланд рӯзи 21 декабр дар сӯҳбат бо “Интерфакс” иброз дошт, шояд тайи ним соли оянда Иттиҳодияи Аврупо низ дар пайравӣ ба ИМА алайҳи муҷримон дар марги Магнитский таҳримҳои марбут ба раводид ва мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкиро ҷорӣ кунад.

Ҳамзамон хонум Оюланд афзуд, тасмими ИМА барои мунҷамидсозиии ҳисобҳои афроди шомил ба “Феҳристи Магнитский” аз сӯи он бонкҳои аврупоӣ, ки бо ИМА созиш доранд, бечуну чаро иҷро хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вакили парлумон, барои ҷилавгирӣ аз ин Маскав метавонад афроди муттаҳам дар марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский дар боздоштгоҳ дар соли 2009-ро ба додгоҳ кашад.

Имрӯз дар канори бинои Думаи давлатӣ мухолифини тарҳи қонун пикетҳо ташкил кардаанд
XS
SM
MD
LG