Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марадона сармураббии дастаи мунтахаби Ироқ мешавад


Диего Марадона, футболбози маъруфи олам, имкон дорад, ки ояндаи наздик сармураббии дастаи мунтахаби миллии Ироқ таъин шавад.

Дар ин бора рӯзномаи «Кларин»-и Аргентина, аз қавли Эрниана Тоффонӣ, як масъули ширкати «Уорлд Элеван», ки ба ташкили бозиҳои дӯстона машғул аст, хабар додааст. Ба иттилои Тоффонӣ, ин пешниҳоди ҷониби Ироқ аст ва Диего Марадона низ ҳавасмандиашро баён кардааст.

Ҳамин тариқ дар сурати имзои созишнома, аллакай дар бозии дастаҳои мунтахаби Ироқу Индонезия, ки 6-уми декабр баргузор мешавад, Диего Марадона ҳамчун сармураббии дастаи мунтахаби Ироқ баромад хоҳад кард.

Марадона дар ҳоле сармураббии дастаи мунтахаби Ироқ мешавад, ки дастоварди бузургтарини ин даста баъди сарнагун кардани Саддом Ҳусейн, ғолибияташон дар қаҳрамонии Осиё дар 5 соли пеш ба шумор меравад ва дигар ба пирӯзии назаррасе ноил нашудааст. Дар рейтинги ФИФА дастаи Ироқ дар зинаи 92-юм қарор дорад
XS
SM
MD
LG