Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгари тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Русия


Аёмиддини Маҳмадраҷаб, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муҳорибаи умумӣ дар Русия ду медал ба даст овард.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Русия баргузор шуд, Тоҷикистонро Аёмиддини Маҳмадраҷаб (60 кг), Искандар Сатторов (65 кг) ва Илиёр Абдулаҳадов (70 кг) бо роҳбарии мураббӣ Собир Каримов намояндагӣ карданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи муҳорибаи сабук ва классикӣ миёни мардону занон бо ширкати беш аз 250 варзишгар аз 38 кишвар баргузор шуд.

Аёмиддини Маҳмадраҷаб дар муҳорибаи сабук мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай то финал бар рақибонаш аз Булғористон, Украина ва Руминия ғолиб омад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ шикат хӯрд. Аёмиддин дар муҳорибаи классикӣ соҳиби медали биниҷӣ шуд.

Бояд тазаккур дод, муҳорибаи умумӣ иҷрои машқҳоро дар пайроҳаи монеадор, тирандозӣ аз аслиҳаи пневматикӣ, ҳаво додани корди варзишӣ ва қувваозмоӣ дар ринг дарбар мегирад. Ин навъи варзиш на танҳо дар сохторҳои қудратии кишварҳои мухталиф, балки дар ҷаҳон маъруф гаштааст.
Ҳамзамон дар Медин Конгресси Федератсияи байналмилалии муҳорибаи умумӣ доир шуд ва Собир Каримов ноиби президенти Федератсияи байниқитъавии осиёии муҳорибаи умумӣ интихоб гардид.
XS
SM
MD
LG