Пайвандҳои дастрасӣ

Малола ба номи ӯ гузоштани мактабро қабул надорад


Мактаби занона ба номи Малола дар шаҳри Сайду Шарифи вилояти Свот

Мактаби занона ба номи Малола дар шаҳри Сайду Шарифи вилояти Свот

Малола Юсуфзай, духтараки покистонӣ, ки чанд моҳ пеш аз тири “Толибон” маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар Бритониё муолиҷа мегирад, хостори бознигарии тасмими ба номаш гузоштани мактаби занона дар вилояти Свот шуд. Чанде қабл мақомоти Покистон мактаберо, ки Малола қаблан он ҷо таҳсил мекард, ба номи ӯ гузоштанд. Малола хоҳиши худро бо он марбут кардааст, ки баъд аз номгузорӣ шояд духтарони мактаб мавриди ҳамлаи ифротгароён қарор бигиранд.

Аз ин пеш тахминан 150 духтари муҳассил ба нишони норозигӣ аз гузоштани номи Малола ба мактабашон аз ширкат дар дарс худдорӣ карда буданд. Онҳо гуфтанд, метарсанд, ки ин ном мактаби онҳоро ба ҳадафи ҳамлаҳои "Толибон" табдил мекунад.

Малола аз соли 2009-ум бо блогаш дар бораи бераҳмиҳои Толибон, ки дар сомонаи бахши урдуи шабакаи ВВС ба нашр мерасид, шӯҳрати зиёд касб кард.
XS
SM
MD
LG