Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон хабарҳо дар бораи шиканҷаи зиндониёнро "беасос" ва "иғвогарӣ"-и расонаҳо номид.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар мавъизаи намози рӯзи ҷумъааш дар масҷиди марказии Душанбе вуҷуди мавридҳои шиканҷаи зиндониёнро рад намуд. Ӯ, ки дар ҳузури садҳо намозгузор амри маъруф мекард, хабари расонаҳо дар бораи шиканҷаву зӯроварӣ дар маҳбасҳоро “нодуруст” ва “иғвогарии худи расонаҳо” хонд.

Раиси Шӯрои уламо барои исботи ин нуқтаи назараш гуфт, се рӯз дар зиндонҳои Душанбе буд ва мавридҳову осори шиканҷаи маҳбусонро мушоҳида накард. Ба қавли Одинашоҳ Муродов, масъули дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, тибқи як барномаи корӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи дин аз зиндонҳои Душанбе боздид карда, бо шароити зисти маҳбусон аз наздик ошно шудаанд.

Вале ин изҳороти муфтии Тоҷикистон дар ҳоле баён мешавад, ки соли ҷорӣ шиканҷаи зиндониён дар ҷомеаи кишвар борҳо мавриди баҳс қарор гирифта, ахиран пайдо шудани як навор дар бораи осори шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд ин баҳсро доғтар кардааст. Гузашта аз ин, Кумисюни ҳуқуқи башари Созмони Милал ба мавҷудияти шиканҷа дар Тоҷикистон ишора карда ва Додгоҳи олии Тоҷикистон аз додрасҳо хостааст, ба шикояти маҳбусон дар мавриди шиканҷа вокуниш нишон диҳанд.

Моҳе пеш Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ҳам эътироф карда буд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад, вале ба қавли ӯ мақомот тамоми роҳҳои қонунии мубориза бо ин падидаро истифода мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, “танҳо дар зарфи се соли охир ба мақомоти прокуратура 130 шикоят дар мавриди шиканҷа ворид гардида, аксарияти ин ҳолат ошкор карда шудааст.”

Радди шиканҷаи зиндониён аз сӯи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бештар онҳоеро нороҳат кард, ки наздиконашон дар зиндонанд ва аз вазъи худ шикоят мекунанд. Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусон, дар суҳбат бо мо гуфт, беҳтар мебуд, раиси Шӯрои уламо ё дар ин бора суҳбат намекард, ё ин ки ҳақиқати ҳолро баён медошт. Ризоев гуфт, фарзанди ӯ ва даҳҳо тани дигар дар зиндонҳои кишвар аз шиканҷа ва озору азияти маъмурони маҳбасҳо ранҷ мебаранд.

Аҳмад, як сокини Душанбе, ки ҳар ҳафта барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меояд, гуфт, дар намозҳои гузашта муфтӣ бештар дар бораи масоили динӣ сӯҳбат мекард, вале зоҳиран дар ду ҳафтаи охир самти суҳбаташро тағйир дода, бештар ба масоили сиёсӣ мепардозад. Интизори ин меравад, ки мавъизаи ахири раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон таъсири хабарҳоро дар бораи шиканҷаи зиндониён коҳиш диҳад. Аз ин пеш, раиси Шӯрои уламо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат суҳбат карда, онро ҳосили талошҳои раҳбарияти кишвар дониста буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG