Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА алайҳи раҳбарони "Братский круг" таҳримҳо ҷорӣ кард


Заҳар Калашов
Заҳар Калашов
ИМА алайҳи яке аз афроди калидии гурӯҳи ҷиноии “Братский круг” (“Давраи бародарӣ”) таҳримҳо ҷорӣ кард. Дар изҳороти вазорати молияи Амрико омадааст, ки ҳама ҳисобҳои бонкии Заҳар Калашов, ки аз рӯи миллаташ гурҷӣ аст, мунҷамид ва ҳамкории ширкатҳои амрикоӣ бо ӯ мамнӯъ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Калашов аз афроди бонуфуз дар олами ҷиноии қаламрави шӯравии собиқ аст ва “шустушӯи пул”, тамаъкорӣ, фурӯши силоҳу маводи мухадир ва дигар амалҳои ғайриқонуниро таҳти назорат дорад.

“Братский круг” – шабакаи раҳбарони чанд гурӯҳи мафиозиест, ки на фақат дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар сартосари олам фаъолият дорад.

Ҳамчунин ИМА алайҳи ду шаҳрванди Қирғизистон – Алманбет Анапяев ва Адилет Касенов барои робитаашон бо Қаичибек Колбаев, як узви “Братский круг”, низ таҳримҳо ҷорӣ кард. Дар изҳороти вазорати молияи ИМА ҳадс зада шудааст, ки Касенов раҳбари гурӯҳҳои ҷиноии вилояти Иссиқкули Қирғизистон мебошад.
XS
SM
MD
LG