Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардии бесобиқаи ҳаво дар Қирғизистону Қазоқистон


Бар асари сардии ҳаво дар Қирғизистон 24 нафар ба ҳалокат расиданд. Бар пояи иттилои вазорати ҳифзи сиҳати кишвар, марги одамон аз хунукӣ дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй сабт шудааст. Айни ҳол ҳарорати ҳаво дар шимоли вилояти Чуй то 35 дараҷа пойин рафтааст.

Дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон бошад, бар асари бӯрону барф ҳаракати ҳама гуна навъҳои нақлиёт дар як қитъаи роҳи мошингарди Алмаато-Тошканд-Тирмиз қатъ шудааст. Дар баъзе аз қитъаҳои дигари ин роҳ аз субҳи рӯзи ҷумъа ҳаракати мошинҳои боркашро манъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG