Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҷабалиев: "Таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба варзиш афзудааст"


Баҳрулло Раҷабалиев

Баҳрулло Раҷабалиев

Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Созмони бонувони варзишгари тоҷик барномаи вижаи “Зан ва варзиш” дар манотиқи мухталифи кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, ки меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ буд, дар ин мавзӯъ сӯҳбат кард. Вай гуфт, “мақсади мо аз татбиқи ин барнома ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб кардани занон мебошад. Бояд гуфт, ки пас аз дастоварди бузурги муштзани маъруф Мавзуна Чириева дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба варзиш бештар шудааст. Мо мехоҳем, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи бонувони варзишгари Тоҷикистон мартабаи занро дар варзиш боло бардорем ва ширкати беҳтаринҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ таъмин кунем, то ин ки дар оянда ба мисли Зебуннисо Рустамова ва Мавзуна Чориева барандагони медалҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ ва қитъавӣ пайдо шаванд.”

Сӯҳбати муфассали шореҳи варзиши радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Баҳрулло Раҷабалиев ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG