Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соли навро тоҷикон дар рушноӣ таҷлил мекунанд


Лаҳзаҳои насби Арчаи асосии соли навии Тоҷикистон

Лаҳзаҳои насби Арчаи асосии соли навии Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нави милодӣ маҳдудияти интиқоли барқ ё лимит дар кишвар аз байн бардошта шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» аз соати 06 : 00 – и субҳи 31-уми декабр то соати 22 : 00 – и бегоҳи 1-уми январи соли 2013 тамоми мардуми Тоҷикистон бе маҳдудият бо барқ таъмин хоҳанд буд. Раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ба зерсохторҳояш супориш додааст, ин дастури ҳукуматро пурра иҷро кунанд.

Дар ҳамин ҳол омодагиҳо ба таҷлили соли нави милодӣ дар Тоҷикистон оғоз шудаанд ва аллакай рӯзи якшанбеи 23-юми декабр арчаи асосии соли навии кишвар дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе насби арчаи солинавӣ рӯзи 22-юми декабр, оғоз шуда, имрӯз ороишоти он пурра ба анҷом хоҳанд расид. Дар назар аст, ки базми асосии солинавии Тоҷикистон дар атрофи ин арчаи 25-метра баргузор гардад. Баробари арчаи асосӣ, масъулини ҳукумати Душанбе мегӯянд, дар саҳни сирки давлатӣ низ барои хурдсолони кишвар арчаи солинавӣ насб хоҳад шуд.

Ҳафтае пеш Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ таъкид карда буд, ки таҷлили Соли нави милодӣ дар тақвими расмии Тоҷикистон бо ҳарфҳои сурх зикр шуда ва барномаи таҷлили он дар пойтахт имсол ботантанаву шукуҳи хоса баргузор хоҳад шуд. Убайдуллоев дар ин ҷаласа изҳор доштааст, ки таҷлили Соли нав марбут ба рӯзи милоди Исои Масеҳ нест.

Ин ҳарфҳои шаҳрдорӣ як навъ посух ба пешниҳоди Муҳибуллои Қурбон, сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломист, ки моҳи гузашта аз шаҳрдорӣ хоста буд, дар майдони асосии шаҳр арчаи солинавӣ наорояд. Муҳибуллоҳи Қурбон дар идомаи пешниҳоди худ гуфтааст, шинондани арчаи солинавӣ дар маркази шаҳр харҷи зиёде дорад, ки беҳтар аст, ин маболиғ ба кори дигар ва ё кӯмак ба солмандони танҳои масеҳӣ дар кишвар сарф гардад.

Бархе аз таҳлилгарон мухолифати назарҳоро ба таҷлили Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон, як намунаи бархӯрди тамаддунҳо мешуморанд. Онҳо бар инанд, ки бо фурӯпошии Шӯравӣ ин анъана, ки аз Ғарб омада буд, тадриҷан заиф мешавад ва оқибат аз байн хоҳад рафт.

Аммо ба ақидаи бархи дигар, тарафдорӣ аз таҷлили Соли нави милодӣ ё мухолифат ба он то рафт хислати сиёсӣ мегирад. Тарафдоронро акнун ҳарчӣ бештар ҳомиёни дунявият ва мухолифонро мунодиёни ҷомеаи мазҳабӣ унвон мекунанд.

Аммо шаҳрвандони қаторӣ, ки солиёни пеш ин ҷашнро бо як шукӯҳи махсус истиқбол мекарданд, ҳоло низ Соли нави мелодиро иди худ мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG