Пайвандҳои дастрасӣ

Мизи гирди "ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" доир мешавад


Дафтари матбуотии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рузи ҷумъа иттилоъ дод, ки дар таърихи 26-уми декабри соли равон дар толори меҳмонхонаи "Каён" мизи мудаввар таҳти унвони «ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» доир мегардад.

Дар ин нишаст мавзӯи нақши ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масоили дигари муҳими ҷамъиятӣ мавриди баррасии ширкаткунандагон қарор хоҳанд гирифт. ҲНИТ аз умдатарин аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, аъзои он ҳудуди 40 ҳазор тахмин зада мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG