Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи С. Раҳимов


Саидмӯъмин Раҳимов, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик.

Саидмӯъмин Раҳимов, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик.

Рӯзҳои 22-23-юми декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов баргузор мешавад.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар ва бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) барои бори севум барпо мегардад.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “дар ин мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи “Моҳи нав”-и Душанбе барпо мегардад, паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ширкат мекунанд. Инчунин гуштигирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват шудаанд. Мусобиқа дар нӯҳ вазн сурат мегирад.”

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ, ба «Озодӣ» гуфт, «паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд. Ӯ ҳамчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Спартакиадаи халқҳои СССР ғолиб омадааст. Дарвоқеъ, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ӯ нарасидааст. Вай дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Ӯ ҳамчун сармураббии дастаҳои мунтахаби самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон низ хидмати арзанда кардааст. Саидмуъмин Раҳимов солҳои 1995-2004 раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон, баъдан раиси Федератсияи дзюдои кишвар буд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009-ум дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе вафот кардааст .»

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ дар мусобиқаи севуми байналмилалӣ оид ба самбо ба хотираи Саидмуъмин Раҳимов дар байни гуштигирони тоҷик беҳтарин паҳлавонони кишвар, ба мисли Акмалиддин Каримов, Фурқатҷон Назриев, Сайёд Шайхов, Мустафо Ҳасанов, Нозимҷон Охиров ва дигарон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG