Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнагунии диктаторҳо мушкил аст ё бунёди давлати демократӣ?


“Баҳори Араб”, ки бо хушбинӣ ба як ояндаи беҳтар дар кишварҳои арабӣ оғоз ёфта буд, акнун бо гузашти ду сол печидагиҳоеро дар вазъи ин кишварҳо ба бор овардааст.

Дар маҷмӯъ соли 2012 барои “Баҳори Араб” соли бисёр душвор буд.

Ҳудуди ду соли пеш, вақте ҳукумати Ҳусни Муборак суқут карда, мардум онқадар хушбину ҳаяҷонӣ буданд, ки касе хаёл намекард, баъди соле ин кишвар дубора ба гирдоби бӯҳрони сиёсӣ фурӯ меравад. Сурия, ки интизор мерафт дар валвалаи “Баҳори Араб” ба мисли ҳамсояҳои дигараш ҳукумати Башор Асадро ба осонӣ сарнагун кунад, акнун гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шудааст.

Ин воқеъият, якҷо бо мушкилоти дигар давлатҳои арабӣ, дар муқобили хушбинӣ ва диргармиҳое қарор гирифтааст, ки соли гузашта “Баҳори Араб” ба бор оварда буд. Умед ба ояндаи хуби ҷаҳони араб ба думболи суқути ҷаҳор раҳбари худкомаи чаҳор давлати арабӣ ба миён омад.

Агарчӣ инқилоб ва тағйири қудрат дар Тунис, Миср ва Яман ба сурати умум бидуни хунрезии густарда ба даст омад, аммо ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия гумонҳоеро ба миён овард, ки таъсиси давлатҳои демократӣ мушкилтар аз сарнагун кардани диктаторҳо будааст. Имсол ин гумонҳо ба ҳақиқат табдил шуданд.

Миср пас аз ду соли суқути режими Муборак ҳанӯз ноором аст

Миср пас аз ду соли суқути режими Муборак ҳанӯз ноором аст

Дар Миср иттиҳоди дунявиҳо ва исломиҳо, ки бо ҳадафи сарнагун кардани Муборак ба ҳам омада буданд, дар пасманзари даъвоҳои қудраталабонаи раиси ҷумҳури исломии Миср Муҳаммад Мурсӣ аз ҳам пошид ва ду ҷиноҳро дар муқобили якдигар қарор дод.

Як эътрозгари мисрӣ Изз Абдулазиз дар тазоҳуроти моҳи 27-уми ноябр дар Қоҳира гуфт, ”ин далел ки ҳар раиси ҷумҳурӣ дар Миср ба таҳияи пешнависи қонуни асосӣ дахолат мекунад, қобили қабул нест. Раиси ҷумҳуре, ки бо роҳи демократӣ интихоб шудааст, набояд дар ба қонуни асосӣ дахолат кунад.”

Дунявиҳои Миср мегӯянд, Кумитаи Қонуни асосӣ, ки дар он исломиҳо бартарӣ доранд, пешнависи қонунро саросемавор, бидуни назардошти ҳимояи ҳуқуқи занҳо ва ақалиятҳо таҳия кардааст ва Мурсӣ мехоҳад онро ба назарпурсии оммавӣ гузорад. Пешгӯи мешавад, ки агар Мурсӣ ин амалро анҷом диҳад, назарсанҷӣ ба хунрезиҳои кӯчагӣ табдил хоҳад шуд.

Дунявиҳо ва исломиҳо дар Тунис, дар кишваре, ки дар моҳи декабри соли 2010 мавҷи эътирозҳои демократӣ ва суқути ҳукуматҳои худкома аз он оғоз ёфта буд, низ бо ҳам созиш надоранд. Ҳукумати исломгарои даври гузариши Тунис, ки ба таҳияи Қонуни асосии ҷадид даст задааст, мегӯяд, ки қонуни шариатро дар кишвар ҷорӣ намекунад. Аммо дунявиҳо ба ин ваъда бовар надоранд.

Маҳа Иззом, коршиноси “Chatham House” ситоди он дар Лондон мегӯяд, ҷудоӣ дар миёни дунявиҳо ва исломиҳо дар ҷаҳони араб гапи нав нест. Аммо “Баҳори Араб” онро густардатар кард. Аъзам мегӯяд, ин суол, ки кишварҳои пасоинқилобӣ ба эътидол хоҳанд расид ва ё аз ҷиҳати сиёсӣ ҳамчунин бесубот хоҳанд буд, дар Маҳа Иззом

Маҳа Иззом

оли 2013 низ дар миён хоҳад буд. Аммо ба назари ӯ, ҳар иттифоқе науфтад, ҷомеъаҳои ҷаҳони арабро аз ҷодаи демокрасӣ берун нахоҳад кард: “Ҷомеъаҳои араб, ки “Баҳори Араб”- ро таҷруба кардаанд, то ҳол бо талаби бунёди ҷомеаи озод ва шаффофияти комил пеш рафтанд ва бозгашти онҳо ба қафо қобили фаҳм нахоҳад буд.”

Чолишҳое, ки кишвари дигари Ховари Миёна Сурия дар пеши рӯ дорад аз Мисру Тунис фарқ мекунанд. Масъалаи аслии ин кишвар дар ин аст, ки оё дар соли 2013 шӯришгарон бидуни кӯмак аз хориҷ метавонанд президент Башор Асадро сарнагун кунанд. Баҳсҳои байналмилалӣ дар ин масъала, ки дахолат чигуна ва ба кадом шакл анҷом шавад, дар ҳоле ки ду шарики сурия, Руссия ва Чин ба ин мухолифт дорнад, ҳамчунин идома хоҳанд кард.

Ҳатто дар минтақаи Халиҷи Форс, ки “Баҳори Араб” ба истиснои Баҳрайн, то ҳол дар онҷо нуфуз накардааст, оянда ҳамчунин номушаххас ба назар мерасад. Каролина Байн, мутахасиси “Economic Intelligence Unit”, мақари он дар Лондон мегӯяд, кишварҳои ғани аз нафти Халиҷи Форс роҳи мавҷи дигаргуниҳоро бо афзоиши харҷҳои иҷтимоӣ гирифтаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кафолате вуҷуд надоранд, ки садгузорӣ чизе бештар аз як монеаи муваққатӣ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG