Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости вазорати хориҷаи Амрико аз Конгресс


Виллиям Бурнз

Виллиям Бурнз

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз Конгресс хоҳад хост, ки миллиардҳо доллари дигар барои таъмини амнияти сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои хориҷӣ ихтисос дода шавад.

Моҳи сентябр дар ҳамлае ба сафоратхонаи Амрико дар Бенғозии Либия сафир Кристофер Стивенс ва се корманди дигари сафорат ба қатл расонда шуданд.

Виллиям Бурнз ва Томас Найдз-муовинони вазири хориҷа ин матлабро дар ҷараёни мунозираи ин мавзӯъ дар кумитаҳои умури хориҷаи Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико матраҳ карданд.

Ба ин дархост нируҳои иловагии дарёӣ, сохтмони истеҳкомҳои бештари амниятӣ ва 5 дарсад афзоиш додани кормандони амниятӣ дар сафоратхонаҳо дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG