Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон рӯҳониюн ба тазоҳурот даъват карданд


Маъракаи воксинзанӣ дар Покистон
Маъракаи воксинзанӣ дар Покистон
Дар Покистон баъзе рӯҳониюни муътабар ва бонуфуз даъват кардаанд, ки ба нишонаи эътироз бар зидди куштори кормандони беҳдошт, ки дар байни аҳолӣ ба воксинзании полиомелит машғул буданд, тазоҳуроти сартосарӣ баргузор шавад.

Тоҳир Ашрафӣ-раиси Шӯрои уламои Покистон гуфт, 24 000 масҷиде, ки бо ин шӯро ҳамкорӣ доранд, дар намози рӯзи ҷумъа мавъизаҳои худро ба ин куштор хоҳанд бахшид ва онро маҳкум хоҳанд кард.

Дар давоми ҳамин ҳафта дар Покистон 9 корманди беҳдошт, ки аксари онҳо занон буданд ба қатл расонда шуданд. Ҳукумат маҷбур шуд маъракаи воксинзаниро дар баъзе манотиқи кишвар боздорад.

Баъзе тундравҳои исломӣ таблиғ кардаанд, ки восинзанандагон барои Амрико ҷосусӣ мекунанд ва дар баъзе манотиқ таблиғ кардаанд, ки воксин ба саломатӣ зарар дорад.
XS
SM
MD
LG