Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Ироқ барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд


Ҷалол Толибонӣ
Ҷалол Толибонӣ
Ҷалол Толибонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ барои муолиҷа аз бемории сактаи қалбӣ аз Бағдод ба яке аз бемористонҳои Берлини Олмон интиқол дода шуд.

Гидо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон изҳори умед кард, ки раиси ҷумҳури 70 солаи Ироқ ҳар чӣ зудтар шифои комил ёбад.

Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ ба рӯзноманигорон гуфт, ки Ҷалол Толибонӣ воқеан ҳам “сактаи вазинро аз сар гузаронидааст.”
XS
SM
MD
LG