Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама санади тиҷорати маъмулии Амрико ва Русияро имзо кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама ба эъломияе имзо гузошт, ки ба таври расмӣ ба Русия замонат медиҳад, то “тиҷорати доимии маъмулӣ”-ро бо Амрико идома диҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар аввали моҳи ҷорӣ Конгресси Амрико бо тасвиби санади таҳримҳои давраи ҷанги сард бар зидди Русияро аз миён бардошт. Эъломияи мазкур баъд аз як ҳафтаи имзои санади Конгресс аз сӯи Обама садо дод.

Соли 1974 Конгресс ислоҳоте бо номи Ҷексон-Веник ворид карда буд ва сабаб он буд, дар Шӯравии пешин шаҳрвандон ҳақи озоди муҳоҷират надоштанд.

Акнун ин ислоҳот бардошта шуд ва дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҷпаҳонии Тиҷорат ин ду кишвар метавонанд ба тиҷорати маъмулӣ машғул шаванд.
XS
SM
MD
LG