Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нию Йорк барандагони ҷоизаи Ҳелман-Ҳемет эълон шуданд


Урунбой Усмонов баъд аз раҳоӣ дар канори хешовандаш
Урунбой Усмонов баъд аз раҳоӣ дар канори хешовандаш
Дар Нию Йорк ба 41 рӯзноманигор ва нависандаи 19 кишвар ҷоизаи ба номи Лилиан Ҳелман ва Самуэл Ҳеметро эълон карданд. Ин рӯзноманигорону нависандагон барои дифоъ аз озодии баён барандаи ҷоиза шудаанд.

Дар миёни онҳо Урунбой Усмонов-хабарнигори тоҷикистонӣ низ ҳаст, ки барои бахши узбакии радиои Би Би Си аз Тоҷикистон гузориш таҳия мекунад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон вайро гӯё барои ҳамкорӣ бо аъзои Ҳизбуттаҳрир моҳи июни соли 2011 боздошт карданд ва мавриди шиканҷа қарор доданд. Вале иртиботи вай бо ин ҳизби тундгаро исбот нашуд.

Ҷоизаи мазкурро ҳар сол Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар ба ононе тақдим мекунад, ки мавриди таъқиби сисёсӣ қарор гирифтаанд ё қурбони нақзи ҳуқуқи башар шудаанд.

Дар миёни барандагони ҷоиза рӯзноманигорони Туркманистону Покистон ва Эрон низ ҳастанд.

Маблағи ҷоиза 10 ҳазор доллар аст.
XS
SM
MD
LG