Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизҳову тоҷикон Шӯрои байнипорламонӣ созмон медиҳанд


Қирғизистону Тоҷикистон Шӯрои байнипорламонӣ ташкил хоҳанд кард. Дар ин бора Назаралӣ Орипов-намояндаи порламони Қирғизистон ба матбуоти ин кишвар хабар додааст.

Вай гуфтааст, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам муносиботи хуб доранд ва Тоҷикистон ягона кишварест, ки баъд аз инқилоби Қирғизистон марзҳояшро бар рӯи Қирғизистон набаст.

Ба гуфтаи Орипов, ин шӯро барои таъйини хатҳои марз, таҳкими дӯстии мардуми тоҷику қирғиз ва созмон додани тадбирҳои муштарки фарҳанӣ кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG