Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар рӯзи ҷумъа намояндагони Кумитаи дин ва имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Восеъ дар бораи сулҳ ва бунёдкориҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон суҳбат мекунанд.

Ба қавли мақомот, ин суҳбатҳо ба муносибати 20-умин солгарди «Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои олӣ» аз моҳи гузашта оғоз ёфта, то кунун идома доранд.

Ҳикматулло Абдукаримов, мутахассиси пешбари бахши умури дини ноҳияи Восеъ, ин суҳбатҳоро беҳтар «аз ғайбатҳои беҳудаи мардум» медонад, ки ба гуфтаи ӯ солҳои охир «миёни намозгузорон зиёд шудааст». Ин мусоҳиби мо мегӯяд, суҳбатҳо бо супориши раиси ноҳия ва масъулини Кумитаи кор бо дин, ба хотири даъвати мардум ба сулҳу оромӣ, дарки воқеияти сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар гузаронида мешаванд. Ӯ илова намуд, ки "ҳадафи ин кор гуфтани воқеият ба мардум аст."

Аммо суҳбатҳои сиёсии масъулин ва имомхатибҳо аз минбарҳои масоҷид миёни сокинон ба гунаҳои мухталиф қабул шудааст. Агар бархе ин суҳбатҳоро берун аз одоби масҷид ва намозгузорӣ медонанд, бархеи дигар онро барои устувории сулҳу ваҳдати мардум муҳим мешуморанд.

Сулаймон Назаров, як сокини ноҳияи Восеъ, мегӯяд масҷид ҷоест, ки инсон дар он ҷо танҳо бояд бо Худо роз гӯяд ва барои ҳамагуна суҳбатҳои сиёсӣ дар масҷид ҷой нест.

Аммо Меҳроҷ Абдуллоев, як ҷавони дигар, мегӯяд, аз ин суҳбатҳо ӯ ва ҳамсолонаш чизҳоеро фаҳмиданд, ки ҳеҷ гоҳ нашунида буданд. Ӯ мегӯяд, тавассути ин суҳбатҳо "мо аз даврони ҷанг хеле чизҳоеро фаҳмидем, ки ҳеҷ гоҳ нашунида будем."

Бо дарназардошти он, ки дар кишварҳои мусулмоннишин мардум дар масҷид зиёд ҷамъ мешаванд, дар бисёр маврид таблиғоти сиёсиву динӣ дар ин мавзеъ сурат мегирад. Аз ин рӯ, бархе коршиносон ин амалро то ҷое таблиғоти пешазинтихоботии раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон медонанд.

Самал Саидов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, то интихобот вақти зиёде боқӣ намондааст, аз ин рӯ, аз ҳоло таблиғоти пӯшидаву ошкоро барои ин маърака оғоз шудааст.

Ноҳияи Восеъ бо доштани наздики 200 ҳазор аҳолӣ аз калонтарин ноҳияи вилояти Кӯлоб дониста мешавад. Роҳҳои тамоми навоҳии минтақа аз ҳудуди Восеъ мегузаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG