Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Ироқ дар Олмон муолиҷа мешавад


Ҷалоли Толибонӣ-президенти Ироқ
Ҷалоли Толибонӣ-президенти Ироқ
Президенти Ироқ Ҷалоли Толибониро, ки аз сактаи мағзӣ азият мекашад, барои муолиҷа ба Олмон бурдаанд. Наздикону дӯстони Толибонӣ ба хабаргузории Франс пресс гуфтаанд, ки Толибонии 79-сола дар шифохонаи Берлин аст. Вазири корҳои хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле ба Толибонӣ шифои зуд ва комил орзу кардааст. Қаблан табибон гуфта буданд, ки вазъи сиҳатии Толибонӣ беҳбуд ёфт ва онҳо имкон ёфтанд,ки ӯро ба Олмон интиқол диҳанд. Вале баъзе манбаъҳои огаҳ ба Радиои Озодӣ хабар додаанд, ки Толибонӣ аз рӯзи душанбе ба ин тараф беҳуш аст. Як идда мансабдорони ироқӣ иброз доштанд, ки ӯ аз сактаи мағзӣ азият мекашад. Толибонӣ, ки пешвои курдҳои Ироқ мебошад, дар соли 2005-ум аввалин президенти ғайриараби Ироқ интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG