Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади тоҷикро аз Дубай ва ватан интиқол доданд


Рӯзи панҷшанбе консули тозатаъйиншудаи Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб Абдураҳмон Аюбов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода шуд. Ба қавли дипломати тоҷик ин шаҳрванди ҷавон рӯзи ҷумъаи гузашта (14-уми декабр) дар натиҷаи як ҷанҷол ба ҳалокат расидааст. Аюбов афзуд, ки полиси Дубай қазияро таҳқиқ дорад ва чанд гунаҳкори эҳтимолиро, ки ҳуввияти онҳо то ҳанӯз ошкор нашудааст, боздошт намуд. Ҳамчунон консули Тоҷикистон илова кард, ки шарҳванди кушташуда дар Дубай таҳсил намуда, баъди он дар як ширкат расман кор мекард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як идда тоҷирони тоҷики муқими Дубай, ки нахостанд номашон ошкор шавад, иброз доштанд, ки ҳафтаи гузашта як баҳси корӣ миёни тоҷирони тоҷик ва озарӣ ба ҷанҷол табдил ёфта, дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл расиду як тани дигар маҷрӯҳ шуд.
XS
SM
MD
LG