Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як қурбонии эмгузаронии полио дар Покистон


Емгузаронии зидди полио дар Покистон

Емгузаронии зидди полио дар Покистон

Дар Покистон боз як волонтёр ё худ довталаби емгузаронии зидди полио аз захмҳояш ҳалок шуд. Ҳамин тариқ аз рӯзи душанбе ба ин тараф дар Покистон нуҳ ходими соҳаи беҳдошт кушта шудаанд. Ба қавли мансабдорон донишҷӯи довталаб рӯзи чоршанбе ҳангоми емгузаронӣ дар шаҳри шимолу ғарбии Пешавар аз силоҳи оташфишон захм бардошта буд. Аз миёни нуҳ қурбонӣ шаш нафар зан будаанд. Ин хунрезӣ боис шуд, ки СММ емгузаронии зидди полио дар Покистонро мутаваққиф намояд. Гурӯҳи террористии Ҷундуллоҳ масъулияти ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифтааст. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ намояндагони ин гурӯҳ гуфтаанд, ки емгузаронӣ дар дини ислом манъ мебошад. Покистон яке аз се кишвари олам аст, ки дар он сирояти полио ҳамагир мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG