Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти васеи хабарии Путин оғоз шуд


Нишасти бузурги хабарии Владимир Путин, ба ҳайси раисиҷумҳури Русия баъди 5 соли танаффус аз нав барпо шуда, айни ҳол идома дорад.

Дар ин нишаст зиёда аз 1000 рӯзноманигори Русия ва ҳудуди 200 хабарнигори хориҷӣ иштирок мекунанд ва дар назар аст, ки ҳудуди 2.5 соат идома хоҳад кард.

Кремл эълон доштааст, ки тақрибан доираи саволҳоро медонанд ва рӯзноманигорон бештар аз Путин дар бораи фасод пурсон хоҳанд шуд.
Бори охир нишасти васеи хабарии Путин зимистони соли 2008-ум гузаронда шуда, 4 соату 40 дақиқа давом кард, ки нишондоди бесобиқа ба шумор меравад. Барои нишасти ҷории Путин шабакаҳои телевизионӣ 3 соати эфирро ҷудо кардаанд.
XS
SM
MD
LG