Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Девонаев аз ифротӣ шудани муҳоҷирон


Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар силсиламулоқотҳояш бо мардуми навоҳӣ, гаравидани муҳоҷиронро ба ақидаҳои радикалӣ, мавзӯи марказӣ қарор додааст.

Раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Турсунзода, 55 километрии ғарби Душанбе, таъкид кардааст, ки ҳангоми бастани шартномаи корӣ бо корфармо, аз миёнаравон дурӣ ҷӯянд ва дар бозори кории Русия диққат диҳанд, то дучори фиребу тақаллубкорӣ нагарданд.

Сафиаллоҳ Девонаев зимни ин мулоқот, аз падидаи номатлуб, гароиши ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

Бархе аз Созмонҳои масоили муҳоҷирати Тоҷикистон низ таъкид мекунанд, ки дар Русия ҷавонон аз назорат берун ҳастанд ва аз тарафи бархе созмону гуруҳҳои тундрав барои иҷрои аҳдофи худ ҷалб карда мешаванд. Намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират дар Русия тавони таҳти назорат қарор додани фаъолияти ҷавононро надорад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоикистон мулоқоти навбатии Сафиаллоҳ Девонаев, рӯзи ҷумъа бо сокинони ноҳияи Ваҳдат, 20 километрии шарқи пойтахт, сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG