Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Гурҷистон ду вазири дигари пешин боздошт шуданд


Александер Хетагурӣ

Александер Хетагурӣ

Дар чаҳорчӯбаи мубориза бо ришвахорӣ дар Гурҷистон ду вазири пешин ва чаҳор нафари дигар боздошт шудаанд. Дар ин гурӯҳи боздоштшудагон Александер Хетагурӣ-вазири пешини молияву энержӣ, Ника Гварамия-вазири пешини маориф ва адлия ҳастанд. Гварамия ҳоло раиси телевизиони мустақили Руставӣ-2 мебошад.

Дар гурӯҳи дигари боздоштшудагон раиси ширкати барқи Теласӣ-ширкати аслии барқрасонии Гурҷистон низ ҳаст.

Вазорати молияи Гурҷистон гуфтааст, вазирони пешин барои он боздошт шудаанд, ки ғайриқонунӣ як миллион доллар интиқол додаанд ва иттиҳомоти дигар низ содир кардаанд.

Ин ахирин боздоштҳо аз силсилабоздоштҳои вазирони пешин аст, ки баъд аз ба сари кор омадани Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазири кунунӣ идома дорад.

Ҳизби вай дар интихоботи моҳи октябр пируз шуд ва ҳизби Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳурро канор зад.
XS
SM
MD
LG