Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳои Бан Ки Мун аз мушкилиҳои соли 2012


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ мегӯяд, дурнамое дар ояндаи наздик барои таъмини сулҳ дар муноқишаи Сурия ба назар намерасад. Дар нишасти хабарии ҷамъбастии соли ҷорӣ вай гуфт, ки то ҳол нишонае аз имкони пешбурди музокира миёни нируҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён дида намешавад. Ин муноқиша 21 моҳ аст, ки идома дорад.

Дабири кулли СММ ҳамчунин куштори кормандони маъракаи ваксинзании зидди бемории полиомелит дар Покистонро маҳкум кард.

Дар давоми ду рӯзи гузашта 8 корманди ин маърака ба қатл расонда шуданд. Гуфта мешавад, ки тундравҳои исломӣ барои ин кушторҳо муттаҳам мебошанд.

Бан Ки Мун ҳамчунин таъкид кард, ки сулҳи Ховари Миёна ба ҳолати рукуд даромадааст. Вай аз идомаи сохтмони маҳаллоти яҳудинишин дар қаламрави Фаластин изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG