Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Ироқ дар Олмон муолиҷа мегирад


Ҷалол Толибонӣ

Ҷалол Толибонӣ

Ҷалол Толибонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ, ки рӯзи душанбе ба сакати қалбӣ гирифтор шуд, дар Олмон муолиҷа хоҳад гирифт. Дар ин бора пизишкони бемористони Бағдод хабар додаанд.

То ҳол ба таври расмӣ хабар надодаанд, ки Толибонӣ дучори саката шудааст. Раиси ҷумҳури Ироқ 79 сол дорад. Рузи душанбе дар торнамои вай хабаре ба нашр расид, ки ба сабаби нуқс дар рагҳои хунгузар Толибонӣ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки вазъи саломатии ва беҳтар шудааст, вале баъзе сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки Толибонӣ то ҳол ба ҳуш наомадааст.
XS
SM
MD
LG