Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори узвият дар Иттиҳодияи гумрукӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав пешниҳод кардааст, ки барои даромадни ин кишвар ба Иттиҳодияи гумрукӣ гурӯҳи корӣ ташкил шавад.

Ин масъала дар ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё дар Маскав баррасӣ шудааст. Дар поёни мулоқоти раҳбарон дар ин бора Таир Мансуров-двабири кулли созмони мазкур ба матбуот хабар додааст.

Гурӯҳи корӣ бояд тамоми марҳилаҳои омодагии Тоҷикистон ба узвияти ин созмонро биомӯзад ва кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG