Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз мулоқоти дурӯзаи раҳбарони ИА ва Русия оғоз мешавад


Интизор меравад, ки дар мулоқоти дурӯзаи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия, ки шоми имрӯз оғоз мешавад, масаъалаи раводиди Иттиҳодияи Аврупо барои Русия ва масъалаи сӯхт аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯҳо бошад.

Дар остонаи ин мулоқот, ки дар Бруссел баргузор мешавад, Иттиҳодияи Аврупо эълон кард, ки дарёфти раводиди кишварҳои узви ин иттиҳодияро барои шаҳрвандони Русия соддатар хоҳад кард.

Вале бино ба гузоришҳо, дархости ахири Маскав дар бораи аз раводид озод кардани дипломатҳои Русия ин тавофуқотро мумкин аст ба нокомӣ рӯ ба рӯ созад.

Мумкин аст аз президент Владимир Путин ва вазирони кобинаи вай дар бораи боло бурдани нархи газ тавассути “Газпром” суолҳое пурсида шавад.

Аз сӯи дигар, шояд Иттиҳодияи Аврупо ба Русия шикоят кунад, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нархи хариди чӯбу қоғаз ва мошинҳоро барои Аврупо поён набурдааст.
XS
SM
MD
LG