Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори таҳияи қонуни нав роҷеъ ба аслиҳа шуд


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико қавл дод, ки ҳамаи имконоти давлати худро истифода хоҳад кард, то қонуни нав дар бораи назорат бар аслиҳаро дар Конгресс ба тасвиб расонанд.

Вай зимни суханони худ дар назди Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки як гурӯҳи вижа ташкил хоҳад шуд ва сарпарастии онро Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳур бар ӯҳда хоҳад дошт. Ин гурӯҳ на дертар аз моҳи январ бояд роҷеъ ба ин масъала пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа кунад.

Обама гуфт, барои амрикоиҳо хеле муҳим аст, то хушунат бо истифода аз силоҳ камтар карда шавад.

Чанд рӯз пеш дар аёлати Коннектикут як марди мусаллаҳ ба мактаб ҳамла бурд ва 20 кӯдаку 6 корманди мактабро тирборон кард. Ин ҳодиса масъалаи фурӯши озоди аслиҳа дар Амрикоро зери суол бурд.
XS
SM
MD
LG