Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибониро барои муолиҷа ба Олмон мебаранд


Табибони Ҷалоли Толибонӣ, раиси ҷумҳури Ироқ, ки гирифтори сактаи мағзӣ шуд, мегӯянд, ки ӯ барои идомаи табобат ба Олмон фиристода хоҳад шуд. Ба гуфтаи табибони шифохонаи Бағдод мумкин аст, Ҷалол Толибониро то чанд рӯзи дигар ба Олмон бубаранд. Раиси ҷумҳури Ироқ, ки ба гуфтаи баъзе аз мақомоти расмӣ ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд, рӯзи душанбе ба бемористон интиқол ёфт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ рӯзи сешанбе гуфт, ки шоҳрагҳои Ҷалол Толибонии 79-сола сахт шудаанд. Табибонаш рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки вазъи сиҳатии Толибонӣ беҳтар мешавад, аммо ду манбаъи мӯътамад дар давлати Ироқ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷалол Толибонӣ, ҳанӯз ҳам беҳуш аст.
XS
SM
MD
LG