Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тайм" Обамаро Шахсияти Соли 2012 хонд


Маҷаллаи мӯътабари амрикоии “Тайм” Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро Шахсияти соли 2012 унвон кард. Дар раъйгирӣ дар ин замина, Барак Обама, аз Малола Юсуфзай, ҳомии ҳуқуқи 15-солаи покистонӣ, ки ҷангҷӯёни Толиб маҷрӯҳаш карданд ва Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср пеш гузаштааст. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, Марисса Майер, мудири ширкати Yahoo ва Тим Кук аз Apple дигар номзадҳои дигари аслӣ ба унвони Шахсияти Соли 2012 будаанд. Маҷаллаи “Тайм”, Барак Обамаро барои “табдили заъф ба имконот ва аз ихтилофоти васеъ сохтани ваҳдати комил” ситоиш кардааст. Барак Обама, соли 2008 низ аз тарафи “Тайм” Шахсияти Сол интихоб шуда буд. Ин маҷаллаи мӯътабар ҳар сол аз миёни афроди бонуфузи ҷаҳон якеро “Шахсияти Сол” интихоб мекунад.
XS
SM
MD
LG