Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Ироқ ҳанӯз ҳам беҳуш будааст


Ду манбаъи мӯътамад дар давлати Ироқ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷалол Толибонӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар, ки рӯзи душанбе ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд, ҳанӯз ҳам беҳуш аст. Айни замон, Маҳмуд Усмон, як вакили курд дар порлумони Ироқ ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии Толибонӣ беҳтар мешавад:"Баъди ба бемористон овардани раиси ҷумҳур субҳи рӯзи гузашта, вазъи сиҳатии ӯ беҳтар мешавад. Мумкин аст, ки ӯро фардо ё пасфардо барои идомаи муолиҷа ба хориҷ бубаранд." Бино ба гузоришҳо, ду гурӯҳ аз табибони Олмон ва Эрон барои кӯмак дар табобати раиси ҷумҳури Ироқ ба Бағдод омадаанд. Пештар аз ин дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ гуфт, ки Ҷалоли Толибонӣ ба далели сахт шудани шоҳрагҳояш барои муолиҷаи фаврӣ ба шифохона интиқол ёфт. Қалби раиси ҷумҳури 79-солаи Ироқро соли 2008 дар Амрико ҷарроҳӣ карданд ва пеш аз ин дар соли 2007 ӯ дар Урдун барои фарсудагӣ ва хушкидани оби баданаш муолиҷа гирифт. Ҷалоли Толибонӣ, соли 2005 нахустин раиси ҷумҳури курд дар Ироқ шуд ва бар асоси Қонуни Асосӣ салоҳиятҳои зиёде надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG