Пайвандҳои дастрасӣ

Як пулиси афғон чаҳор ҳамкори худро куштааст


Дар Афғонистон як маъмури пулис чанд чаҳор ҳамкори худро кушта ва се нафари дигарро захмӣ кардааст. Ҷовид Файсал, як сухангӯи пулис гуфт, ки ҳодиса шаби сешанбе дар як посгоҳе дар ноҳияи Спин Болдак дар вилояти Қандаҳор ба вуқӯъ пайвастааст. Маъмури пулиси муттаҳам ба ин ҷиноят аввал ба ҳамкоронаш заҳр дода ва сипас бо туфанг ба онҳо тир андохтааст. Ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст ва мақомоти пулис масъалаи иртиботи эҳтимолии ӯ бо Толибонро таҳқиқ мекунанд. Дар ҳамин гуна ҳамлаҳои дохилӣ ба маъмурони пулиси афғон ва нерӯҳои хориҷӣ сар аз соли равон то кунун 50 маъмури амниятии афғон ва сарбозони хориҷӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG