Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вулусволии Дуоби Нуристон дар муҳосираи Толибон


Гузоришҳо аз Афғонистон аз он ҳикоят мекунанд, ки вулусволӣ ё ноҳияи Дуоби вилояти Нуристон аз чаҳор рӯз ба ин тараф дар муҳосираи Толибони мусаллаҳ қарор дорад.

Тибқи хабарҳо, аз чаҳор рӯз ба ин тараф даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибони мусаллаҳ дар ин минтақа идома дорад.

Ғуломуллоҳ Нуристонӣ, фармондеҳи амниятии вилояти Нуристон ба Радиои Афғонистони Озод гуфтааст, ки онҳо талош дорад, ки ин ноҳияро аз тасарруфи Толибон ҳифз намоянд.

Бо ин ҳол, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар ин даргириҳо се постгоҳи нерӯҳои амниятии афғонӣ ба дасти Толибон афтода ва маркази ноҳия низ дар муҳосираи ҷангиён қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Ҳаракати Толибони Афғонистон иддао кардааст, ки чандин постгоҳи нерӯҳои амниятии афғонро ба ихтиёри худ дароварда ва шуморе аз сарбозони афғонро захмӣ сохтаанд.

Аммо масъулони давлатии афғон то кунун ба ин иддаои Толибон вокунише нишон надодаанд.

Ноҳияи Дуоб дар ғарби вилояти Нуристон, дар миёни вилоятҳои Кунар ва Лағмон ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG