Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ ваксинзанӣ дар Покистонро қатъ кард


Баъди ҳамлаҳои маргбор ба маъмурони маъракаи ваксинзанӣ бар зидди бемории фалаҷи атфол дар Покистон, муассисаҳои Созмони Милал ин маъракаро боздоштанд. Дар ин бора Майк Коулмен, сухангуи ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе эълом дод. Дар ҳамин рӯз афроди мусаллаҳ ба як табиби покистонӣ ва ронандааш дар шаҳри Чорсадаи Покистон ҳамла карда ва ҳардуро куштанд. Дар ҳамлаи шабеҳ дар шаҳри Пешовар яке дигар аз маъмурони тиббӣ сахт захмӣ шуд. Аввали ҳамин ҳафта 6 нафар довталаби ҷавонеро куштанд, ки ба бачаҳои покистонӣ ваксин медоданд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, аммо Толибон ҳушдор дода буд, ки ин гуна барномаҳоро дар Покистон иҷро накунанд. Покистон яке аз се кишвари боқимонда дар ҷаҳон аст, ки бемории фалаҷи атфол дар онҳо то кунун вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG