Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сиҳатии раиси ҷумҳури Ироқ беҳтар шудааст


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, вазъи сиҳатии раиси ҷумҳур Ҷалол Толибонӣ, ки ба бемории сактаи мағзӣ ва ё инсулт гирифтор шуд, батадриҷ беҳтар мешавад. Сухангӯи Ҷалол Толибонӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки муолиҷаи раиси ҷумҳур дар яке аз шифохонаҳои Бағдод, натиҷаи хуб додааст. Пештар аз ин мақомот гуфтанд, ки Ҷалоли Толибонӣ ба далели сахт шудани шоҳрагҳояш барои муолиҷаи фаврӣ ба шифохона интиқол ёфт. Қалби раиси ҷумҳури 79-солаи Ироқро соли 2008 дар Амрико ҷарроҳӣ карданд ва аз ин пеш ӯ соли 2007 дар Урдун барои фарсудагӣ ва хушк шудани оби бадан муолиҷа гирифт. Ҷалоли Толибонӣ нахустин раиси ҷумҳури курд дар Ироқ аст ва бар асоси Қонуни Асосӣ салоҳиятҳои зиёде надорад.
XS
SM
MD
LG