Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии бемории зуком аз Тоҷикистон


Бино ба омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, аҳолии кишвар имсол ба бемории зуком камтар мубтало шудаанд. Бар тибқи омори расмии вазорат, тайи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон андаке бештар аз 254 ҳазор нафар ба зуком гирифтор шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15 дар сад камтар аст. Соли гузашта зуком андаке бештар аз 300 ҳазор нафарро бемор карда будааст. Бемориҳои сироятии роҳҳои нафас низ дар 11 моҳи соли равон 16 дар сад камтар шудааст. Дар моҳномаи махсуси Созмони Милал, дар бораи Тоҷикистон, ки ҳамин рӯз нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди коҳиши пайваста, мумкин аст, ин бемориҳо дар охири сол дигарбора хуруҷ кунад.
XS
SM
MD
LG