Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон интиқод аз вазораташро пазируфт


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико натиҷаҳои таҳқиқи ҳамла ба сафорати кишвараш дар Либияро пазируфтааст, ки дар ҷараёни он чаҳор дипломати амрикоӣ, аз ҷумла сафири Иёлоти Муттаҳида кушта шуд. Ҳамла ба сафорат дар шаҳри Бенғозӣ рӯзи 11 сентябр ба вуқӯъ пайваста буд. Дар хулосаи гурӯҳи таҳқиқотӣ омадааст, ки тадобири андешидаи вазорати умури хориҷии Амрико барои таъмини амнияти намояндагиҳояш “комилан номуносиб” будааст. Ҳилларӣ Клинтон дар номае ба вакилони конгресси Амрико навиштааст, ки вазорати умури хориҷӣ садҳо сарбози нерӯҳои дарёии Амрикоро барои посбонии сафоратҳо сафарбар мекунад ва барои таъмини амнияти он намоядагиҳое, ки дар маърази хатаранд, пули изофӣ хоҳад хост. Гурӯҳи таҳқиқотӣ ҳамчунин дар бораи ҳамлаи тундравон ба сафорати Амрико дар Бенғозӣ гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ иттилоъе доир ба таҳдидҳои мавҷуд ба ин сафорат надошт.
XS
SM
MD
LG