Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқот бо Толибон дар Порис оғоз мешавад


Қарор аст, имрӯз намояндагони Толибон ва дигар аз ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар як маҳалли махфӣ дар наздикии шаҳри Порис гирди ҳам оянд. Нишасти мазкур рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа бо мусоидати як муассисаи пажӯҳишии Фаронса баргузор мешавад ва интизор намеравад, ки дар пешрафти фавқуллодае барои музокироти сулҳ дар Афғонистон ҳосил шавад. Аммо Ваҳид Мужда, таҳлилгари афғон ба Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, мулоқоти Толибону гурӯҳҳои дигари сиёсии Афғонистон “роҳро барои музокироти расмӣ дар оянда” ҳамвор кунад. Дар нишаст, намояндагони Ҳизби Исломӣ, аз Ҷабҳаи собиқи Шимол, ки алайҳи Толибон ҷангидаанд ва ҳам намояндагони Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ширкат мекунанд. Талошҳо барои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон дар остонаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 афзоиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG