Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи дигаре ба маъмурони тиббии Покистон


Дар Покистон афроди мусаллаҳ як маъмури дигари маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи атфолро бо зарби тири туфанг маҷруҳ кардаанд. Пештар аз ин ҳамла дар шаҳри Пешовар, дар рӯзҳои душанбе ва сешанбе шаш маъмури тиббиро, ки бачаҳои покистониро ваксин мезаданд, дар шаҳри Пешовар ва Карочӣ куштанд. Ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо ситезаҷӯёни Толиб, маъракаҳои ваксинзанӣ дар Покистонро маъракаи пинҳонии ҷосусии кишварҳои ғарбӣ хонда ва ба он муқовимат кардаанд. Баъди қатли маъмурони беҳдоштӣ дар шаҳри Синдҳ, маркази Карочӣ маъракаи ваксинзаниро боздоштанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Бунёди кӯмак ба кӯдакони Созмони Милал ҳамла ба маъмурони беҳдоштиро маҳкум карда ва гуфтаанд, ки ҷангҷӯён мардуми Покистонро аз хидмати тиббии зарурӣ барои ҳаёт маҳрум мекунанд. Бемории фалаҷи атфол дар Покистону Афғонистон ва Нигерия боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG