Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узвияти Узбакистон дар СПАД расман мутаваққиф шуд


Сарони кишварҳои узви СПАД. Маскав, 19-уми декабри соли 2012.

Сарони кишварҳои узви СПАД. Маскав, 19-уми декабри соли 2012.

Узвияти Узбакистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро расман мутаваққиф кардаанд.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки раҳбарии Шӯрои амнияти дастаҷамъиро ба ӯҳда дорад, зимни суханронӣ дар нишасти сарони созмон дар шаҳри Маскав имрӯз гуфт, қарор дар ин замина қабул шудааст.

Ба қавли ӯ аз ин пас, “ҳеҷ гуна гузаште барои қабул ба ин созмон, аз ҷумла барои Узбакистон нахоҳад шуд.” Моҳи июни соли ҷорӣ Узбакистон ба нишонаи эътироз аз ин созмон хориҷ шуд ва гуфт, ки дар ин созмон кишварҳои узв мустақил набуда ва аз имтиёзҳои баробар бархӯрдор нестанд. Узбакистон бар ин ақида аст, ки ин созмон бештар зери нуфузи Русия қарор гирифтааст.

Дар остонаи нишасти имрӯзи Маскав Сергей Лаваров-вазири корҳои хориҷии Русия 17-уми декабр аз Тошканд боздид кард, то Узбакистонро ба нармиш водор кунад ва барои ин кишвар дар ин созмон мақоме қоил шаванд. Сергей Лавров дар ҷараёни ин боздидаш ба матбуот гуфт, Узбакистон муттафиқ ва ҳамкори стратегии Русия боқӣ хоҳад монд, бо вуҷуди ин, ки ин давлат дар бораи хуруҷ аз узвияти СПАД тасмим гирифтааст.

Вай афзуд, “Узбакистон кишвари мустақил аст, мо муттаассифем, вале тасмим гирифта шудааст”. Узбакистон моҳи декабри соли 2008 аз узвияти Созмони ҳакории иқтисодии АвруОсиё низ баромада буд.

Дар иҷлоси имрӯз раёсати давраии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз Қазоқистон ба Қирғизистон гузашт. СПАД 15-уми маи соли 1992 ташкил шуда буд ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Ҳоло баъд аз хуруҷи Узбакистон дар созмон 6 кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

Дар ҳошияи нишастҳои расмии Маскав, мулоқотҳои дуҷонибаи баъзе руасои ҷумҳур низ дар назар гирифта шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG