Пайвандҳои дастрасӣ

Шогирдони мактабҳои Ниютавни Амрико тадриҷан ба дарс бармегарданд


Дар шаҳри Ниютавни Амрико хонандагони синфҳои болоӣ баъд аз фоҷеаи 14 декабр тадриҷан ба таҳсили худ бармегарданд. Дар ин фоҷеа 20 кӯдаки мактабхон ва 6 корманди мактаб ба ҳалокат расиданд.

Вале шогирдони мактаби Сэндӣ Ҳук, ки тирандозӣ ва фоҷеа дар он ҷо рух дода буд, ба таҳсил оғоз намекунанд. Мактаби онҳо баста аст ва расидагӣ ба сабабҳои ин фоҷеа идома дорад.

Ҳамаи мактабҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳри Ниютавн зери назорати шадиди пулис даромадааст. Дар дарси аввал бо шогирдон фоҷеаи мактаби Сэнди Ҳукро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG