Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз муттаҳиди худ "амиқан навмед" шудааст


Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, аз муттаҳиди худ Исроил амиқан ноумед шудааст, зеро ин кишвар эълон кардааст, ки сохтмони манзилгоҳҳоро дар қаламрави Фаластин идома медиҳад, дар ҳоле, ки Фаластин даъвои ташкили давлати мустақил дорад.

Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико раҳбарони Исроилро муттаҳам кард, ки бо фаъолятҳои таҳрикомез машғуланд ва чунин рафтори онҳо ӯҳдадориҳояшонро дар бораи таъмини сулҳ зери суол мебарад.

Ин изҳороти Амрико замоне садо дод, ки кишварҳои аврупоӣ Фаронсаву Британия ва Олмону Португалия ва кишварҳои дигари узви Шӯрои Амнияти СММ мехоҳанд дар бораи барномаҳои сохтмонии Исроил дар хоки Фаластин эъломияе мунташир ва ин барномаро маҳкум кунанд.
XS
SM
MD
LG